Энтони Ҷошуа бо Ҷермен Франклин кай рақобат мекунад?

Энтони Ҷошуа бо Ҷермен Франклин кай  рақобат мекунад?

Қаҳрамони собиқи WBA, IBF ва WBO - Энтони Ҷошуа (26-3) бо муштзани амрикоӣ Ҷермен Франклин (21-1) рӯзи 1 апрел дар варзишгоҳи O2 дар шаҳри Лондон рақобат мекунад. Дар ин бора  Sky Sports хабар додааст. Ҳоло тарафҳо дар марҳилаи ниҳоии бастани созиш қарор доранд.

Ҷошуаи 33 сола  дар муборизаи охиринаш аз Александр Усик (20:0) бо қарори якдилона  (116:112, 115:113, 113:115) дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ мағлуб шуд.

Франклини 29 сола  бори аввал дар корномаи  худ, 26 ноябри соли 2022 мағлуб шуда буд. Ӯ аз Диллиан Уайт (29-3) бо қарори аксарият (116-112, 116-112, 115-115)  мувоҷеҳи шикаст шуд.