Эрик тен Ҳаг аз футболбозони “МЮ” чӣ мехоҳад?

Эрик тен Ҳаг аз футболбозони “МЮ” чӣ мехоҳад?

Дар оғози  мавсими нави футболӣ сармураббии ҷадиди бошгоҳи “МЮ” мутахассиси ҳоландӣ  Эрик тен Ҳаг миёни дастпарваронаш як қатор қоидаҳои нонавиштаро роиҷ кард.

Агар Эрик тен Ҳаг фаҳамад, ки кадомфутболбоз аз утоқи либосивазкунӣ ягон гапу хабарро ба берун баровардааст аз даста хориҷ мекунад .

Ҳамчунин агар футболбозон аз рӯи вақти муайяншуда ба тамринҳо ҳозир нашаванд, онҳоро ҷазоҳои махсус интизор аст. Ба тен Ҳаг фарқ надорад ,ки он футболбоз Кӣ  аст. Ӯ ин ҷазоро нисбати ӯ раво мебинад.
Инчунин қоидае мавҷуд аст, ки ба бозигарон дар давоми ҳафтаи бозӣ нӯшидани машруботи спиртӣ манъ аст, то онҳо дар ҳолати хуби варзишӣ қарор дошта бошанд.

Мураббӣ боз як қоидаи навро ҷорӣ намудааст, ки тибқи он бояд ошпазҳо барои ҳамаи бозигарон хӯрок тайёр кунанд, дар ҳоле ки дар гузашта баъзе бозигарон ошпазони худро киро мекарданд. Мутахассиси нави  ҳоландии “девҳои сурх” инчунин “меню”-ро низ худаш шахсан  назорат мекунад, зеро бозигарон бояд моҳӣ ва сабзавотро аз пештара бештар истеъмол кунанд.
Барои ҳар як бозигар нақшаи ғизои инфиродӣ тартиб дода шудааст.
Сарфи назар аз мавқеъи сахтгираш дар бисёр масъалаҳо, Эрик тен Ҳаг  ба футболбозон гуфт ,ки ягон мушкили дошта бошанд, ба худи ӯ муроҷиат кунанд на ба агентҳояшон!

Мураббии нав мехоҳад бо бозигарон робитаи зич барқарор кунад, зеро боварӣ ва эҳтироми якдигарро гарави муваффақияти ҳар як тим  медонад.

Оё Роналду ҳам ин қоидаҳоро фаҳмида бошад?