Эрик тен Ҳаг ба мухлисони “МЮ” барои дастгириҳояшон сипосмандӣ кард

Эрик тен Ҳаг ба мухлисони “МЮ” барои дастгириҳояшон сипосмандӣ кард

Сармураббии бошгоҳи «Манчестер Юнайтед» - Эрик тен Ҳаг ба мухлисони даста муроҷиат кард.

«Ташаккур ба шумо барои дастгирии мо. Дар ин лахзаҳои душвор шумо ҳанӯз моро дастгирӣ мекунед. Мо дар айни замон сазовори он нестем, зеро мо беҳтарин ҳунарнамоӣ намекунем. Мо дар бозиҳои баъдӣ кӯшиш мекунем. Аммо дар футболи олӣ кӯшиш кардан кофӣ нест. Мо инро хуб медонем. Мо бояд ҳама чизро беҳтар кунем ва бозии арзандаро нишон бидиҳем.” – фишурдаи суханони Эрик тен Ҳагро сомонаи расмии бошгоҳи “Манчестер Юнайтед” иқтибос овардааст.

Ёдовар мешавем, ки дастаи "Манчестер Юнайтед" дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Лигаи Англия аз тими "Нюкасл" шикаст хӯрд (0:3) ва аз ширкат дар мусобиқот маҳрум шуд. Дар варзишгоҳи пуршукуҳи «Олд Траффорд» 72 484 нафар мухлис барои дастгирии “Манчестер Юнайтед” омада буданд.

Қаблан, “Девҳои сурх” дар бозии даври 10-уми Премйер-Лигаи Англия аз тими “Манчестер Сити” бо ҳамин ҳисоб мағлуб шуда буд.