Эриксен ба Мадрид меояд

Эриксен ба Мадрид меояд

Бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” дубора ба Эриксен мароқ зоҳир кардааст ва нақша дорад, ки дар равзанаи зимистонаи хариду фуриши футболбозон ин нимҳимоягари 27-солаи дастаи «Тоттенхэм»-ро харидорӣ намояд. Президенти тими “Тоттенхем” Дэниэл Леви омодааст, ки аз фурушӣ Кристиан маблағ ба даст орад, зеро шартнома миёни онҳо тобистони ҳамин сол ба анҷом мерасад ва Эриксен имкон дорад, ки ройгон ба дастаи шоҳонаи “Мадрид” шартнома ба имзо расонад. Сармураббии “Реал” Зинедин Зидан барои ба дастааш пайваст шудани ин бозингар дар равзанаи тобистона ба роҳбарияти даста имкон надод, чунки афзалиятро ба Пол Погба дода, орзӯи ба ҳайати “Реал” овардани ин футболбозро дошт, аммо «Манчестер Юнайтед» барои фурухтани футболбозӣ беҳамтои худ розӣ нашуд.