Эрнан Креспо: “Мо ба бозӣ бо “Истиқлол” омода ҳастем!”
Дирӯз дар нишастии пеш аз бозии дастаҳои “Истиқлол” –и Тоҷикистон ва “Ал-Дуҳайл”-и Қатар сармурабии дастаи “Ал-Дуҳайл” – Эрнан Креспо ба суолҳои рӯзноманигорон посух дода, интизориҳояшро оиди ин бозӣ баён кард.
- Бисёр хушҳолем, ки айни ҳол дар инҷо қарор дорем ва дар Лигаи Қаҳрамонҳо бозӣ хоҳем кард. Умедворам, ки бозии хело хуб мешавад. Мушкил хоҳад буд, аммо бояд бигӯям, ки омада ҳастем ба ин бозӣ!
Ҳама интизор доштанд, ки ҳамроҳи даста Филиппе Каутинийо низ ба Душанбе меояд. Ӯ ҷароҳат дорад?
- Мо бисёр хушҳолем, ки Каутинийоро дар даста дорем ва бояд қайд намоям, ки ба мисли ӯ бисёре аз бозигароне ҳастанд, ки дар ин бозӣ бо сабаи ҷароҳат иштирок карда наметавонанд, аммо мо омода ҳастем бо ҳамин футболбозоне, ки дорем як дастаи рақобатпазир бошем.
То чӣ андоза аз сиёсати трансферии даста розӣ ҳастед ва сабаби харидории Каутинийо, ки ҷароҳат дорад, дар чӣ ҳаст?
- Айни ҳол ягона чизе, ки дар ин бобат мо метавонем гӯем, ин интизор шудан аст. Мавсими гузашта низ буданд чанд бозингаре, ки дар набудани онҳо бо бозӣ мекардем.
Дар ин марҳилаи Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё дастаҳои суст нестанд, Шумо метавонед дастаҳоеро номбар кунед, ки барои баромадан аз гурӯҳи “Е” муддаии асосӣ шуморида мешаванд?
- Ҳама медонанд, ки аз рӯи ситораҳои футболе, ки дар “Ал-Насар” ҳастанд, ҳамин даста фаворит шуморида мешавад. Вале мо омада ҳастем ва фикр мекунам, ки дигар иштирокчиёни ин гурӯҳ низ омода ҳастанд, ки рақобати баробар нишон диҳанд. Ин футбол ҳаст ва ҳамагон имконияти баробар доранд.
Ал-Дуҳайл” хело дер, ҳамаги як рӯз пеш аз бозӣ ба Душанбе омад. Вақти кӯтоҳ барои мутобиқшавӣ ва анҷом додани бозӣ басанда аст?- Фикр мекунам ин ҳолат ба бозӣ таъсир нахоҳад расонд.
Шумо чӣ иттилое дар бораи дастаи “Истиқлол” доред ва аз рӯи арзиши трансферии футболбозон “Ал-Дуҳайл” қариб даҳ баробар аз ҳайати “Истиқлол” қимматтар аст. Ҳамин чиз метавонад дар футбол муҳим бошад?
- Ин футбол аст, 11 нафар муқобили 11 нафар бозӣ хоҳанд кард ва ҷузъиётҳои моливӣ ба бозӣ таъсир нахоҳанд кард. Мо кӯшиш мекунем, ки аз ҷиҳати тактикӣ ва техникӣ беҳтар бошем. “Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо хаст ва ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки “Истиқлол” дастаи қавӣ ҳаст. Ҳар як бозингари “Истиқлол” метавонад хатаре эҷод кунанд дар бозие, ки сурат мегирад. Фикр мекунам “Истиқлол” аз ҷиҳати ҷисмонӣ хеле як дастаи қавӣ аст.
Алӣ Алмоиз нимҳимоятгари дастаи “Ал-Дуҳайл” ба суоли хабарнигорон оиди ин бозӣ чунин ибрози андеша кард.
- Ин ҳафта барои дастаи мо хело мушкил хоҳад буд. Бар муқобили “Истиқлол” бозӣ хоҳем кард. Умед дорем, ки як бозии хубро нишон дода, Лигаи Қаҳрамонҳоро бо натиҷаи мусбат оғоз намоем.
Ёдовар мешавем, ки бозии дастаҳои “Истиқлол” ва “Ал-Дуҳайл” дар доираи марҳилаи аввали гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё имрӯз 19-уми сентябр соати 21:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе оғоз мегардад.