Эрнесто Валверде дар «Барселона» боқӣ мемонад

Эрнесто Валверде дар «Барселона» боқӣ мемонад

Сармураббии бошгоҳи «Барселона» Эрнесто Валверде то анҷоми мавсими ҷорӣ дар даста боқӣ мемонад. Қаблан овозаҳое паҳн шуда буданд, ки гӯё Эрнесто Валверде моҳи декабр аз курсии сармураббии “Барселона” барканор мешавад. Ин овозаҳо то ҳол ба ҳақиқат табдил наёфтаанд ва дар бораи барканории Эрнесто Валверде хабари расмӣ нест. Ёдовар мешавем, ки қарордоди ҳамкорӣ байни даста ва коршиноси испанӣ то анҷоми соли 2020 амал мекунад.