Эрон аввалин шуда ба даври нимниҳоии Ҷоми Осиё оид ба футзал баромад!

Эрон аввалин шуда ба даври нимниҳоии Ҷоми Осиё оид ба футзал  баромад!

Дар бозии аввали марҳилаи чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё оид ба футзал 2022 дар кишвари Қувайт мунтахабҳои Эрон ва Ветнам андари майдони рақобат шуданд. Вохӯрии дастаҳо  дар маҷмааи варзишии “Саъд ал Абдулло” доир шуда, бо натиҷаи бузурги 8 бар 1 ба нафъи Эрон  хотима ёфт.

Голҳоро  дар ҳайати мунтахаби Эронро Ҳусейн Тайеби ду маротиба, Салар Оғопур, Алиризо Рафиэл Поур, Муҳаммадҳусейн Базйар, Муслем Оладғобад ва Саид Аҳмад Аббасӣ ба самар расониданд. Ягона голи ветнамиҳоро Фам  Дук Ҳоа марбути номи хеш кард.

Мунтахаби Ветнам пас аз бохт аз идомаи мусобиқа бенасиб монд. Эрон, ки аз ҳама серҷоизатарин мунтахаб дар Ҷоми Осиё маҳсуб мешавад (12 маротиба қаҳрамон шудааст) дар даври нимниҳоӣ бо ғолиби ҷуфти Тайланд ва Тоҷикистон сабқат мекунад.

Бозии даври нимниҳои рӯзи 6-уми октябр доир мегардад.