Эрон мунтахаби Амрикоро мағлуб кард

Эрон мунтахаби Амрикоро мағлуб кард

Мунтахабҳое, ки дар гурӯҳҳои “F” ва “Е” ҷогиранд бозиҳои даври дуюми худро дар ин мусобиқ доир намуданд. Дар ин рӯзи рақобат мунтахаби Эрон бо мунтахаби Амрико вориди бозӣ шуд. Барои миллипӯшони Эрон вохӯрӣ онқадар хуб оғоз нашуд, чунки дар дақиқаҳои аввал Алиризо Самимӣ бо корти сурх ҷазо дода шуд. баъди корти сурх гирифтани бозигари мунтахаби Эрон Амрикоиҳо бо кӯшиши Лусиано Гонсалес ба задани гол даст ёфтанд. Аммо Эрониҳо дере нагузашта ба голи онҳо ҷавоб доданд. Муаллифи гол Фарҳод Таввакулӣ гардид. Баъди мусовӣ гаштани бозӣ яккачини Эрон боварии зиёд ба худ пайдо карда ба ҳамлаҳои пайиҳам гузашт ва бо кӯшиши Маҳдӣ Ҷовид ва Аҳмад Исмоилпур ба задани голҳои навбатӣ даст ёфтанд. Ҳамин тавр қисми аввали бозӣ бо бартарии 3 голи Эрониҳо хотима ёфт. Дар қисми дуюми рақобат амрикоиҳо боз бо талоши бозигари беҳтаринашон Лусиано Гонсалес ба задни гол даст ёфтанд. Дар дақиқаҳои охири вохӯрӣ Саид Аҳмад Аббосӣ аз партофти Фарҳод Таваккулӣ истифода карда голи навбатии мунтахаби Эронро ба самар расонд. Ҳамин тавр бозӣ бо ҳисоби 4:2 ба анҷом расид. Дар бозии дигари ин гурӯҳ мунтахаби Аргентина низ бо ҳамин ҳисоб яккачини Сербия шикаст дод. Акнун баъди гузарои ин ду давр мунтахабҳои Аргентина ва Эрон бо 6 имтиёзӣ дар садри ҷадвал ҳастанд.