Эрон ва Индонезия дар финали Ҷоми футзали Осиё–2026
Ҷоми футзали Осиё–2026 ба марҳилаи ниҳоӣ расид ва ду дастаи пурқувват — Эрон ва Индонезия роҳхати финалро ба даст оварданд.
Дар марҳилаи нимниҳоӣ мунтахаби Эрон дар як бозии шадид ва мушкил бар тими Ироқ ҳисоби 4 бар 2 пирӯзӣ ба даст оварда, ба финали мусобиқа баромад. Ин даста барои дарёфти унвони 14-уми қаҳрамонӣ талош хоҳад кард ва интизор меравад, ки бо таҷрибаи бойи худ рақобати шадид нишон диҳад.
Дар тарафи дигар, мунтахаби Индонезия, ки мизбони мусобиқа мебошад, бори аввал ба финал роҳ ёфт. Дар марҳилаи нимниҳоӣ дастаи мизбон бар Ҷопон, қаҳрамони чаҳоркаратаи мусобиқа, бо ҳисоби 5 бар 3 ғолиб омада, тамоми диққати мухлисонро ба худ ҷалб намуд. Ин натиҷа собит мекунад, ки Индонезия бо ҷавонони боистеъдод ва бозигарони пуртаҷриба метавонад дар бозии ниҳоӣ рақобати шадид нишон диҳад.
Финали Ҷоми футзали Осиё–2026 рӯзи 7 феврал дар маҷмааи варзишии «Индонезия Арена» дар шаҳри Ҷакарта баргузор мешавад. Мухлисони футзали қитъавӣ ва ҷаҳон ин бозиро бо интизориҳои зиёд интизорӣ мекашанд, зеро ҳар ду даста бо натиҷаҳои аъло ба финал баромадаанд.
Ин мусобиқа барои Индонезия ҳамчун мизбон ва барои Эрон ҳамчун дастаи пуртаҷриба як озмоиши ҷиддӣ ва имконияти таърихӣ барои ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки тими мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур зери роҳнамоии Пайрав Воҳидов аз гурӯҳ ба марҳилаи плей-офф роҳ ёфта натавонист. Дар натиҷаи марҳилаи гурӯҳӣ тими миллии Тоҷикистон ду имтиёз ба даст оварда, дар гурӯҳи «C» ҷойи сеюмро гирифт ва ҳунарнамоиро дар Ҷоми футзали-Осиё 2026 ба анҷом расонд.