Эшпириту Санту ба “Арсенал” меояд

Эшпириту Санту ба “Арсенал” меояд

Сармураббии "Вулверҳэмптон" Нуно Эшпириту Санту метавонад "Арсенал" -ро ба уҳда гирад, менависад The Sun.

Бино ба иттилои манбаъ, агенти 46-солаи португалӣ Жорже Мендеш бо намояндагони “Арсенал” дар бораи овардани Санту ба дастаи лондонӣ вохӯрӣ гузаронидааст. Аммо пас аз беҳтар гардидани натиҷаҳои охири лондониҳо, роҳбарияти “Арсенал” Микел Артетаро аз вазифааш барканор карданӣ нестанд. 
“Арсенал” пас аз 17 бозӣ 23 имтиёз ба даст оварда, дар Премйер-лига дар мақоми 11-ум қарор дорад.