ESPN беҳтарин мураббии солро муайян кард

ESPN беҳтарин мураббии солро муайян кард

Шабакаи машҳури амрикоии ESPN рӯйхати 10 мураббии беҳтарини соли 2020-ро нашр кард. Ҷойи аввалро дар рӯйхат сармураббии “Ливерпул” - Юрген Клопп ишғол кард, ки таҳти роҳбарии он дастаи “Ливерпул” бори аввал дар 30 соли охир қаҳрамони Англия шуд. Ханс-Дитер Флик, ки “Бавария” бо ӯ требл анҷом дод, дар ҷои дуввум мебошад. дар зинаи сеюм бошад, Хосеп Гвардиола аз “Манчестер Сити” ҷой гирифтааст.

Топ-10 сармураббии соли 2020 бо фарзияи ESPN :

1. Юрген Клопп («Ливерпул»)

2. Ханс-Дитер Флик («Бавария»)

3. Хосеп Гвардиола («Манчестер Сити»)

4. Жан Пйеро Гасперини («Аталанта»)

5. Юлиан Нагелсман («РБ Лейпсиг»)

6. Марсело Белса («Лидс Юнайтед»)

7. Диего Симеоне («Атлетико»)

8. Хулен Лопетеги («Севиля»)

9. Зинедин Зидан («Реал»)

10. Карло Анчелотти («Эвертон»)