Ҷессика Диггинс дар сабқатҳои спринти БО-2026 ноком шуд
Лижарони амрикоӣ ва нафари пештози раддабандии Ҷоми Ҷаҳон-2025/2026 Ҷессика Диггинс баромади худро дар спринти классикии Бозиҳои олимпии соли 2026 дар Италия ба анҷом расонд. Дар даври чорякфиналӣ Диггинс ҷои чорумро ишғол кард ва натавонист ба даври нимфиналӣ роҳ ёбад.
Сабқатҳои лижаронӣ. Бозиҳои олимпии соли 2026. Валтеллина, Италия
Спринти 1,5 км миёни занон. Классикӣ. Чорякфинал. Сабқати чорум
Сешанбе, 10 феврали соли 2026. соати 16:00 ДШБ
Бозиҳои олимпии соли 2026 то рӯзи 22 феврал идома хоҳанд ёфт. Дар ин бозиҳо аз барои 116 маҷмӯи медалҳо рақобатҳо баргузор мешаванд.