Это'О ҷойгузини Мессиро ном бурд

Это'О ҷойгузини Мессиро ном бурд

Ҳамлагари собиқи дастаи “Барселона” – Самуэл Это'О фикри худро дар бораи он, ки дар оянда кӣ метавонад ҷойгузини ҳамлагари асосии "нилунориҳо" – Лионел Месси гардад, баён кард.

Камерунӣ ҳамлагари 18-солаи "каталониҳо" – Ансу Фатиро ивазкунандаи Месси медонад.

- Ман фикр мекунам, ки Ансу Фати ивазкунандаи ягонаи Месси аст. Ӯ бозии хело ҷолиб нишон дода, бо ин гуна натиҷаҳояш умедворем, ки метавонад Мессиро иваз намояд, - гуфт Это’О.

Фати дар дастаи "Барселона" 43 бозӣ гузаронида, 13 гол зада, 5 партофти головар анҷом додааст. Соли гузашта ӯ бори аввал дар тими миллии Испания баромад кард.