“Эвертон” 10 нафара бар “МЮ” ғолиб омад
Охирин бозии даври 12-уми Премйер-лигаи Англия миёни дастаҳои “Манчестер Юнайтед” ва “Эвертон” доир гардид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Олд Траффорд”-и шаҳри Манчестер баргузор гардида, бо ҳисоби 1 бар 0 ба суди “Эвертон” хотима ёфт.
Дар дақиқаи 13-уми бозӣ Идрисса Гейе аз ҳайати “Эвертон” корти сурх гирифт. Дар идома новобаста аз як нафар камбудан дар майдон “Эвертон” ба задани гол даст ёфт. Кирнан Дюсбери-Холл дар дақиқаи 29-уми бозӣ голи ғалабаоварро ба самар расонид.
Барои “Манчестер Юнайтед” пас аз 5 бозии бебохт ин аввалин шикаст ба ҳисоб меравад. Барои “Эвертон” ин сеюмин бозии бебохт мебошад.
Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа “Арсенал” бо 29 имтиёз дар зинаи аввал аст. “Манчестер Юнайтед” бо 18 имтиёз дар зинаи 10-ум ва “Эвертон” бо 18 имтиёз ва таносуби тӯбҳо дар зинаи 11-ум маскан гирифтааст.
Дар даври оянда, “Манчестер Юнайтед” дар сафар бо “Кристал Пэлас” ва “Эвертон” бо “Нюкасл” дар хона бозӣ мекунанд. Бозиҳо рӯзҳои 29-ум ва 30-юми ноябр доир мешаванд.