“Эвертон” муборизаро барои ТОП-4 идома медиҳад

“Эвертон” муборизаро барои ТОП-4 идома медиҳад

Аз оғози мавсими 20/21 дар Премйер-лигаи Англия ду даста “Саутгемптон” ва “Эвертон”аз худ ном бароварданд ва баробар барои роҳ ёфтан ба қатори 4 дастаи аввал мубориза бурданд. Дар марҳилаи аввали чемпионат “Саутгептон” аввалин дасте шуд, ки бар “Эвертон” ғолиб омад. Аз он бозӣ то инҷониб бисёр чизҳо тағйир ёфтанд, ки муҳимтаринаш ғалабаи ҳар ду даста бар “Ливерпул” мебошад. “Саутгемптон” баъди ғалаба бар шогирдони Клопп ба дарди “Ливерпул” гирифтор шуда, футболбозони асосияш яке паси дигаре ба шифохона мерафтанд. Дар 8 бозӣ “Саутгемптон” 1 имтиёз гирифт. Ҳамаи ин ҳолатҳо дастаи Хазелхюттелро ба зинаи 14-ум бурд. “Эвертон” бошад дар даври гузашта, баъд аз соли 1999 аввалин маротиба “Ливерпул”-ро дар “Энфилд” мағлуб карда интизори дастаи “Саутгептон” буд. Тақдири бозии охирини даври 26-умро дар “Гудисон Парк” як гол ҳал кард. Онро Ришарлисон дар дақиқаи 9-ум зад. “Эвертон” шумораи холҳоро бо ҳамсоя “Ливерпул” баробар карда, муборизаро барои роҳ ёфтан ба ЛҚ идома медиҳад. “Саутгемптон” бо 30 имтиёз дар зинаи 14-ум боқӣ монд.