Евлоев дар даври тасаллобахш ноком шуд

Евлоев дар даври тасаллобахш ноком шуд

Гӯштингири тоҷик Магомет Евлоев имрӯз имкони хуб дошт то соҳиби нишони биринҷии Чемпионати Ҷаҳон оид ба гӯштини тарзи озод гардад, лек ӯ ин имкониятро истифода бурда натавонист. Дар вазни то 74 кг Магомет Евлоев дар даври тасаллобахш аз Нурқож Катпанови қазоқ бо ҳисоби 6 бар 1 мағлуб шуда, имкони ба даст овардани нишони биринҷиро дар Чемпионати Ҷаҳон оид ба гӯштини тарзи озод аз даст дод.

Дар даври аввал Магомет Евлоев дар рақобати аввал бо ҳисоби 12-2 аз қаҳрамони ҷаҳон Кайл Дэйк шикаст хӯрда буд.

Рақиби паҳлавони мо Дуглас Дейк дар даври ниманиҳоӣ бар Георгис Коугиомтзидиси юнонӣ бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуда, ба финал баромад ва қаҳрамони ҷаҳон шуд.

Ҳамин тариқ, тибқи муқаррароти UWW, Евлоев дар қувваозмоии такрорӣ бо Нурқож Катпанови қазоқ қувваозмоӣ кард ва ноком шуд.