Евро-2020: Пирӯзиҳои ҳангуфти Италия ва Испания, ашки шашқатори арманиҳо ва натиҷаи рақобатҳои дигар

Евро-2020: Пирӯзиҳои ҳангуфти Италия ва Испания, ашки шашқатори арманиҳо ва натиҷаи рақобатҳои дигар

Мунтахаби Италия рақобатҳои марҳилаи интихобии Евро-2020-ро бо пирӯзии калон ҷамъбаст намуд. Шогирдони Роберто Манчини дар бозии даври 10-уми марҳилаи интихобии Евро-2020 дастаи мунтахаби Арманистонро бо натиҷаи ҳангуфти 9:1 дучори шикаст намуданд. Ногуфта намонад, ки мунтахаби Италия дар рақобатҳои интихобии Евро-2020 дар ҳамаи 11 рақобаташ зафар ёфтааст. Дар бозии дигари гурӯҳи J мунтахаюи Юнон тими миллии Финляндияро мағлуб намуд. Босния ва Ҳертсеговина бошад, тими миллии Лихтенштейнро бо натиҷаи 3:0 шикаст дод. Ҳоло таваҷҷуҳ кунед ба натиҷаи бозиҳои даври 10-уми марҳилаи интихобии Евро-2020.

Чемпионати Аврупо

Марҳилаи интихобӣ

Гурӯҳи J

Италия — Арманистон — 9:1 (4:0)

Голҳо: Иммобиле, 8 (1:0). Дзаноло, 9 (2:0). Барелла, 29 (3:0). Иммобиле, 33 (4:0). Дзаноло, 64 (5:0). Романоли, 72 (6:0). Жоржиню, 75 —пеналти (7:0). Орсолини, 77 (8:0). Бабаян, 79 (8:1). Кйеза, 81 (9:1).

Юнон — Финляндия — 2:1 (0:1)

Голҳо: Пукки, 27 (0:1). Манталос, 47 (1:1). Кулурис, 70 (2:1).

Лихтенштейн — Босния ва Ҳертсеговина — 0:3 (0:0)

Голҳо: Чивич, 57 (0:1). Хоҷич, 64 (0:2). Ходжич, 72 (0:3).

Гурӯҳи D

Ирландия — Дания — 1:1 (0:0)

Голҳо: Брэйтуэйт, 73 (0:1). Доэрти, 85 (1:1).

Гибралтар — Швейтсария — 1:6 (0:1)

Голҳо: Иттен, 10 (0:1). Варгас, 50 (0:2). Фасснахт, 57 (0:3). Стич, 74 (1:3). Бенито, 75 (1:4). Иттен, 84 (1:5). Ҷака, 86 (1:6)

Гурӯҳи F

Шветсия — Ҷазираҳои Фарерӣ— 3:0 (1:0)

Голҳо: Андерссон, 29 (1:0). Сванберг, 72 (2:0). Гвидетти, 80 (3:0).

Испания — Руминия — 5:0 (4:0)

Голҳо: Руис, 8 (1:0). Родриго, 33 (2:0). Родриго, 43 (3:0). Рус, 45+1 — (худгол) (4:0). Оярсабал, 90+2 (5:0).

Малта — Норвегия — 1:2 (1:1)

Голҳо: Кинг, 7 (0:1). Фенек, 40 (1:1). Серлот, 62 (1:2).