Ҷейми Каррагер бозии “Атлетико”-ро дар даври 1/8 финалии Лигаи Чемпионҳо танқид кард

Ҷейми Каррагер бозии “Атлетико”-ро дар даври 1/8 финалии Лигаи Чемпионҳо танқид кард

Собиқ дифоъгари «Ливерпул» ва айни ҳол коршиноси футбол   Ҷейми Каррагер оиди пирӯзии «Интер» муқобили «Атлетико» дар бозии аввали марҳилаи 1/8 финалии Лигаи чемпионҳо (1:0) сухан кард.

«Диего Симеоне ду маротиба «Атлетико»-ро ба финали Лигаи чемпионҳо расонд, ду пирӯзӣ дар Ла Лига дорад, аммо назорат аз бозияш на он қадар фараҳбахш аст. Хушнудам, ки «Интер» дар бозии аввал пирӯз шуд ва умедворам, ки айнан «Интер» ба даври дигарӣ меравад», – иқтибос меорад аз суханони Каррагер Atletico Universe дар шабакаи иҷтимоии X (пештар Twitter).

Дастаи Симоне Индзаги дар бозии аввали даври 1/8 финалии Лигаи чемпионҳо бо ҳисоби 1:0 пирӯзӣ ба даст овард. Голи ягона дар бозии хонагӣ барои «нерадзурри»-ҳоро форвард    Марко Арнаутович дар дақиқаи 79-ум ба самар расонид.

Ёдовар мешавем, ки бозии ҷавобии даври 1/8 финалии Лигаи чемпионҳо дар шаҳри Мадрид рӯзи 13-уми март доир мешавад. 

Муаллиф: Имомбек Шанбиев