Ҷеймс Милнер ба фаъолияти футболбозиаш нуқта гузошт
Нимҳимоятгари машҳури англис Ҷеймс Милнер дар синни 40-солагӣ ба фаъолияти касбии худ дар футбол хотима бахшид. Милнер яке аз бозигарони пуртаҷрибатарин ва муваффақтарини футболи Англия маҳсуб шуда, пас аз зиёда аз ду даҳсолаи ҳунарнамоӣ аз майдонҳои футбол хайрбод гуфт.
Дар давоми фаъолияти худ Милнер бо дастаҳои “Лидс Юнайтед”, “Нюкасл”, “Астон Вилла”, “Манчестер Сити”, “Ливерпул” ва “Брайтон” бозӣ кардааст. Се мавсими охири фаъолияти варзишии худро ӯ дар ҳайати “Брайтон” сипарӣ намуд.
Ҷеймс Милнер бо “Манчестер Сити” ду маротиба қаҳрамони Премйер-лигаи Англия гардид. Баъдан дар ҳайати “Ливерпул” низ ба дастовардҳои бузург ноил шуда, унвони қаҳрамони Англия ва ғолиби Лигаи чемпионҳои УЕФА-ро ба даст овард.
Милнер ҳамчун рекорддори шумораи бозиҳо дар таърихи Премйер-лигаи Англия аз футбол меравад. Ӯ дар маҷмӯъ 658 бозӣ дар Лигаи бартари футболи Англия анҷом додааст, ки то ҳол беҳтарин нишондиҳанда дар таърихи мусобиқа мебошад.
Дар сатҳи миллӣ низ Милнер яке аз бозигарони ботаҷрибаи мунтахаби Англия буд. Ӯ дар ҳайати тими миллии Англия 61 бозӣ анҷом дода, дар ду чемпионати ҷаҳон ва ду чемпионати Аврупо иштирок кардааст.
Бо анҷоми фаъолияти Ҷеймс Милнер, футболи Англия яке аз чеҳраҳои барҷаста ва намунаи касбияти баландро аз даст медиҳад. Ӯ ҳамчун футболбозе дар ёдҳо мемонад, ки бо меҳнатдӯстӣ, садоқат ва устувории худ дар тӯли солҳои зиёд дар сатҳи олӣ ҳунарнамоӣ кард.