Фабио Квалярелла хатми маснади варзишӣ намуд
Бозигари як қатор тимҳои Серияи А ва мунтахаби Италия Фабио Квалярелла дар синни 40-солагӣ хатми маснади варзишӣ намуд, хабар медиҳад журналист Николо Скира.
Фабио Квалярелла дар шаҳраки хурде дар наздикии Неапол таваллуд шудааст. Аз овони кӯдакӣ мухлиси “Наполи” буд, вале ба ин тим танҳо дар синни 26-солагӣ роҳ ёфт.
Фабио маснади варзишияшро соли 2002 дар Торино оғоз намуда, сипас ӯро иҷораҳо дар “Фиорентина” ва “Калчо Кйети” интизор буданд. Соли 2005 ӯ ба сафи “Удинезе” гузариш анҷом дод, вале фавран ба иҷора ба “Асколи” равон карда шуд, ҷое, ки таҷрибаи касбӣ гирифт. Баъди як сол тими “Сампдория” бо ӯ шартнома имзо кард ва маҳз дар ҳамин тим ӯ бозигари асосӣ гардид. Баъди як сол тақдир дубора ӯро ба “Удинезе” овард.
Соли 2009 Квалярелла ахиран ба тими маҳбубаш – Наполи гузариш анҷом дод ва баъди як сол ба иҷора ба “Ювентус” равон кард, дастае, ки пас аз як сол ӯро худӣ кард.
Сипас ҳамлавар чанд дастаҳои дигарро иваз кард, ӯ бори дигар дар сафи “Торино” ва “Сампдория” бозӣ намуд, вале аз соли 2016 ниҳоят дар бошгоҳ аз шаҳри Генуя боқӣ монд.
Дар сафи Ювентус Фабио се маротиба қаҳрамони Италия гардид ва ду маротиба соҳиби Суперҷоми кишвар шуд. Ҳамчунин беҳтарин нишонзани Серияи А дар мавсими 2018/19 бо 26 гол мебошад.
Дар сафи тими мунтахаб низ Квалярелла бозӣ намуда, расман иштирокчии Евро-2008 ва чемпионати ҷаҳонии соли 2010 мебошад. Соли 2020 ба ҳайати мунтахаб дар чемпионати Аврупо даъват гардид ва баъди 3048 рӯз бори дигар ба сабқатҳои байналмилалӣ бозгашт намуд.
Агар ба омор нигарем, Фабио Квалярелла 717 бозӣ гузаронида, 238 гол ба самар расонидааст ва 62 маротибаи дигар барои голзании ҳамдастагон саҳмгузор будааст.