Фан-зона барои тамошои бозии Тоҷикистон ва Ҷопон

Фан-зона барои тамошои бозии  Тоҷикистон ва Ҷопон

Ба диққати ҳаводорон ва мухлисони футбол мерасонем, Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Амфитеатри пойтахт барои тамошои бозии Тоҷикистону Ҷопон, ки имрӯз соати 17:15 дар доираи рақобатҳои марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 сурат мегирад, манитори калон насб мекунад. Макони интихобшуда барои тамашои мухлисон 1,5 ҳазор ҷойи нишаст дорад. Қабл аз оғози бозӣ дар Амфитеар баргузории барномаҳои фарҳангию-фароғатӣ дар назар аст. Худи вохӯрии тимҳои Тоҷикистону Ҷопон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир мегардад. Хотиррасон мекунем, ки ворид шудан ба   Амфитеатр ройгон аст.