Фаъолияти КОКШ муваққатан боздошта шуд

Фаъолияти КОКШ муваққатан боздошта шуд

Шӯрои иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) дар бораи мутаваққиф кардани фаъолияти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Мардумии Демократии Корея (ҶМДК) то охири соли 2022, бо сабаби иштирок накарданаш дар Бозиҳои олимпии Токио-2020, қарор қабул кард. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тавассути коммуникатсияҳо ва мубоҳисаҳои мухталиф байни КБО ва КМО ҶМДК дар муддати моҳҳои пеш аз Бозиҳои олимпии Токио-2020, КБО барои баргузории Бозиҳои бехатар итминон дод ва пешниҳодҳои созандаеро барои дарёфти ҳалли мувофиқ пешниҳод кард, ки ҳамаи ин ба таври мунтазам аз ҷониби КМО ҶМДК рад карда шуданд.