Фардо барандаи Ҷоми футболи “Истиқлол” маълум мешавад

Фардо барандаи Ҷоми футболи  “Истиқлол”  маълум мешавад

Пагоҳ, 9-уми июн, вохӯрии  ниҳоии Ҷоми бошгоҳи футболи «Истиқлол» миёни дастаҳои ҷамоатҳои деҳоти Алмосии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад.

Дирӯз бозиҳои даври ниманиҳоӣ баргузор шуданд, ки дар он ширкаткунандагони финал ва дастаҳое, ки барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд, маълум шуданд. Аз рӯи натиҷаи вохӯриҳо дастаҳои  «Латахорак» ва «Гулдара» ба марҳалаи ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Имрӯз дар бозӣ барои ҷои сеюм дастаҳои «Чангоб-1» ва «Дучинора» бозӣ мекунанд. Дар ин мусобиқа, ки фонди ҷоизавиаш 30 000 сомониро ташкил медиҳад, 24 дастаи ҳаваскорони ҷамоатҳои деҳоти дараи  Алмосии шаҳри Ҳисор ширкат намуданд.

Дастаи ғолиб бо Ҷом, медал ва ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 15 000 сомонӣ сарфароз мегардад. Барандаи ниҳоии  мусобиқот  10 ҳазор сомонӣ дарёфт хоҳад кард. Барандаи медали биринҷӣ бо ҷоизаи пулӣ ба маблағи 5000 сомонӣ сарфароз мегардад.

Инчунин, мукофотҳои пулӣ аз рӯи номинатсияҳои: “Бозингари беҳтарин”, “Беҳтарин нишонзан” ва “Беҳтарин дарвозабон” пешбинӣ шудаанд. Пеш аз бозии финалӣ  шоу-барномаи консертӣ   бо иштироки ҳунармандони эстрадаи тоҷик  баргузор мешавад.

Натоиҷи бозиҳои даври нимниҳоӣ:

«Латахорак» - «Чангоб-1» — 6:1

«Гулдара» -  «Дучинора» - 2:2 (аз руи пеналтӣ - 6:5)

8 июн |18:00

Бозӣ барои ҷои 3-юм

«Чангоб-1» — «Дучинора»

9 июн |18:00

Финал

«Латахорак» - «Гулдара»