Фаронса дар Лигаи миллатҳо сеюм шуд

Фаронса дар Лигаи миллатҳо сеюм шуд

Бозӣ барои ҷои сеюм миёни мунтахабҳои Олмон ва Фаронса ба анҷом расид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Штутгарт Арена”-и Олмон дар ҳузури 51 313 нафар мухлис доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 0 ба суди Фаронса хотима ёфт.

Аз ҳайати тими миллии Фаронса голҳоро Килиан Мбаппе дар дақиқаи 45-ум ва Майкл Олисе дар дақиқаи 84-ум ба самар расониданд. Мбаппе голи 50-уми худро дар бозии 90-умаш дар ҳайати мунтахаби Фаронса ба самар расонид.

Дар вохӯрӣ муқобили Олмон ба ғайр аз гол Мбаппе паси головар низ анҷом дод ва беҳтарин бозигари вохӯрӣ эътироф шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи нимниҳоии мусобиқа Олмон аз Португалия бо ҳисоби 1 бар 2 ва Фаронса аз Испания бо ҳисоби 4 бар 5 мағлуб шуда буданд.

Фаронса қаблан, дар мавсими 2020/21 ғолиби Лигаи миллатҳои УЕФА гардида буд.