Фаронса дар Руполдинг беҳамто буд...

Фаронса дар Руполдинг беҳамто буд...

Биатлонистони мунтахаби Фаронса бо сарвонии Мартин Фуркади беҳамтои мавсими ҷадид дар эстафетаи мардона ба масофаи 7,5 километр дар Рупполдинги Олмон пирӯз гардиданд. Онҳо тавонистанд аз рақибони худ аз кишварҳои Норвегия ва Австрия чолоктару чаққонтар ҳам лижаронӣ намоянду, ҳам тирпаронӣ кунанд. Мунтахаби Россия бошад, танҳо соҳиби мақоми чорум гардиданд, гарчанде пас аз ду давр имкони соҳиб гардидани мақоми ифтихорӣ дошт. Аммо варзишгарони даври 3 ва 4-ум имкониятро аз даст доданду, аз медал бенасиб монданд.