Фаронса пас аз 40 сол зудтарин голро дар Ҷоми Ҷаҳон ба дарвозааш сар дод

Фаронса пас аз 40 сол зудтарин голро дар Ҷоми Ҷаҳон ба дарвозааш сар дод

Тибқи иттилои Opta, тими миллии Фаронса бори аввал аз соли 1982 дар Ҷоми ҷаҳонии футбол аз ҳама зудтарин голро аз даст дод.

Дастаи Австралия дар даври якуми Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 ба  дарвозаи тими Фаронса дар 8 дақиқаю 23 сония гол зад.

Фаронсавиҳо 40 сол пеш дар Ҷоми ҷаҳонии соли 1982 зудтаринтарин голи қаблиро дар сонияи  00:27 ба дарвозаашон сар дода буданд.

Бо вуҷуди ин, пас аз як голи аз даст додашуда, фаронсавиҳо ҷилави бозиро ба даст гирифта, муқоибил  Австралия (4:1) зафар ёфтанд.