Фаррух Марофиев – сармураббии КФ "Эсхата"

Фаррух Марофиев – сармураббии КФ "Эсхата"
Клуби футболи «Эсхата» дар бораи таъйин гардидани Фаррух Марофиев ба вазифаи сармураббии даста расман хабар медиҳад.

Фаррух Рустамович мутахассисе мебошад, ки дорои литсензияи «PRO»-и КФО(2025) буда, таҷрибаи бойи корӣ ҳам дар сатҳи клубӣ ва ҳам дар сохтори дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дорад. Дар фаъолияти касбии худ ӯ аз мураббии дастаҳои ҷавонон то роҳбар ва сармураббии клубҳои Лигаи олӣ роҳ тай намудааст.

Дар солҳои гуногун Марофиев дар сохтори КФ «Хуҷанд» фаъолият намуда, вазифаҳои ёвари сармураббӣ, сармураббӣ ва инчунин директори иҷроияро ишғол кардааст. Ҳамзамон ӯ дар ҳайати ситоди мураббиёни дастаҳои мунтахаби олимпӣ ва миллии Тоҷикистон ба ҳайси мураббӣ-таҳлилгар фаъолият бурда, бо мунтахабҳои ҷавонони U23, U20 ва U17 низ кор кардааст.

Аз ҷумлаи муваффақиятҳои ӯ — медалҳои нуқра ва биринҷии Лигаи олии Тоҷикистон, ғолибият дар Ҷоми кишвар, иштирок дар марҳилаҳои гурӯҳӣ ва плей-оффи Ҷоми КФО,  инчунин баромадҳои дастаҳои мунтахаб дар мусобиқаҳои байналмилалӣ мебошанд.

Таъйини Фаррух Марофиев як қадами стратегӣ ҷиҳати таҳкими мавқеи «Эсхата» дар Лигаи олӣ ва рушди минбаъдаи даста ба ҳисоб меравад. Клуб мутмаин аст, ки касбият, назари таҳлилӣ ва дидгоҳи муосири бозии сармураббии нав ба даста имкон медиҳад, ки ба сатҳи нави сифатӣ барояд.

Пас аз таъйин шудани Фаррух Марофиев ба вазифаи сармураббӣ, Шухрат Умаров фаъолияти худро дар сохтори даста ҳамчун мураббии калон идома медиҳад.

Қарор оид ба ин тағйирот танҳо ба талаботи низомномаи чемпионат вобаста аст, ки тибқи он сармураббӣ бояд соҳиби литсензияи дараҷаи «PRO» бошад. Шухрат Умаров дорои литсензияи дараҷаи «A» мебошад, ки имкон намедиҳад дар мавсими ҷорӣ вазифаи сармураббиро иҷро намояд.

Бо ризоияти тарафайн қарор қабул гардид, ки уҳдадориҳо дар ҳайати мураббиён аз нав тақсим карда шаванд. Клуб итминон дорад, ки Шухрат Умаров ҳамчун мураббии калон минбаъд низ саҳми назаррас гузошта, қисми муҳими ҳайати мураббиёни Фаррух Марофиев хоҳад буд.