Фаворис Музрапов ягона намояндаи Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон-2023
Варзишгари тоҷик Фаворис Музрапов ягона намояндаи Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон -2023 оид ба варзиши сабук аст. Мусобиқаи мазкур рӯзҳои 19-27-уми август дар шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор мегардад.
Варзишгари мо Фаворис Музрапов дар масофаи 100 метр рақобат мекунад. Дар чемпионат беш аз 2000 варзишгар аз 200 давлат ширкат хоҳанд кард.