ФАВРӢ: Андреа Пирло сармурабби нави «Ювентус»

ФАВРӢ:  Андреа Пирло сармурабби нави «Ювентус»

Собиқ ниммуҳофизатгари дастони бошгоҳи «Ювентус» Андреа Пирло ба ҳайси сармураббии ин тим таъйин шуд. Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳи туринӣ иттилоъ медиҳад. Пирло аз соли 2011 то соли 2015 шарафи бошгоҳи «Ювентус»-ро ҳимоя мекард. Дар ҳайати туриниҳо 164 бозӣ доир карда, ба задани 19 гол ва 38 партофти головар даст ёфтааст. Ёдовар мешавем, ки қаблан «Ювентус» Маурисио Сарриро аз мақомаш барканор карда буд.