Фаврӣ: Флик шартномаашро бо «Бавария» қатъ кард

Фаврӣ: Флик шартномаашро бо «Бавария» қатъ кард

Сармураббии дастаи «Бавария»-и Мюнхен Ханс-Дитер Флик пас аз бозӣ бо Волфсбург (3:2) дар бораи бекор кардани шартнома бо даста изҳор намуд.

«Имрӯз ман ба даста гуфтам, ки мехоҳам шартномаамро дар охири мавсим бекор кунам. Ман мехоҳам шартномаро дар тобистон қатъ кунам, ин ҳақиқат аст. Барои ман муҳим буд, ки даста инро шахсан аз ман фаҳмад. Ман ба роҳбарият хоҳиши рафтанамро фавран пас аз афтодан аз Лигаи чемпионҳо огоҳ карда будам. Ман мехоҳам ба даста ташаккур гӯям, ки ба ман имконият додааст, то ки ин дастаи бузургро тамрин диҳам», —гуфтааст Флик.

Ёдовар мешавем, Флик моҳи ноябри соли 2019 ба курсии сармураббигии «Бавария» бар шуда буд. Таҳти роҳбарии ин мутахассис, мюнхениҳо Чемпионати кишвар, Ҷоми кишвар, Суперҷоми кишвар, Лигаи Чемпионҳо, Суперҷоми УЕФА ва инчунин Ҷоми ҷаҳон байни бошгоҳҳоро ба даст оварданд.