ФАВРӢ: “МАНЧЕСТЕР СИТИ” АЗ ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО РОНДА ШУД

ФАВРӢ: “МАНЧЕСТЕР СИТИ” АЗ ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО РОНДА ШУД

Иттифоқи Ассотсиатсияи футболи Аврупо (УЕФА) қарор баровард, ки дастаи «Манчестер Сити» бинобар вайрон намудани қоидаҳои молиявии ташкилот дар ду мавсими оянда аз Лигаи Чемпионҳо ронда шавад. Инчунин “МС” бо қиммати 30 млн евро ба ин ташкилот ҷарима пардохт хоҳад кард. Ҳамин тавр «Манчестер Сити» дар мавсимҳои 2020/2021 и 2021/2022 дар Лигаи Чемпионҳо ва Лигаи Аврупо иштирок карда наметавонад. Хабар дода мешавад, ки “МС” қоидаи молиявии фэйр-плейро аз соли 2012 то соли 2016 вайрон намудааст. “Шаҳриҳо” аз ҳисоби сарпарастҳояшон зарарҳояшонро бартараф мекарданд. «Манчестер Сити» бо қарори баровардаи УЕФА норозӣ буда, аз болои ин ташкилот ба (CAS) шикоят намудааст.