Федератсияи футболи пойтахт беҳтаринҳоро қадрдонӣ кард

Федератсияи футболи пойтахт беҳтаринҳоро қадрдонӣ кард

Федератсияи футболи шаҳри Душанбе дар асоси натиҷаҳои мавсими гузашта беҳтарин футболбозон ва мураббиёни футболи кӯдакон ва наврасон, ҳамчунин беҳтаринҳои Лигаи дуюми (минтақаи Душанбе) кишварро қадрдонӣ кард.
Маросими пуршукӯҳи ҷоизасупорӣ 19-уми январ дар спорт-бари “Истиқлол” доир гардид.
Ба маросим ёвари президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, директори генералии Лигаи футболи кишвар Сайвалӣ Шоқурбонов, роҳбари кумитаи ветеранҳои футболи ФФТ Баҳрулло Давлатов ва дигар меҳмонон даъват шуданд.
Дар суханоронии худ назди ҳозирин раиси Федератсияи футболи Душанбе Анваршо Мирзоев қайд кард: “Баъди натиҷагирӣ аз соли 2019 мехоҳам қайд кунам, ки мо мавсими бобарро паси сар кардем. Намояндагони пойтахт дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол карданд. Аммо ба ҳар ҳол бояд қайд кунам, ки на ҳама интизориҳои мо амалӣ гаштанд. Дар Душанбе барои шумо беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст, шумо ояндаи футболи тоҷик ҳастед, барои шумо майдонҳои зебои варзишӣ сохта шудаанд, бо шумо беҳтарин мураббиён кор мекунанд ва мо умед ва боварӣ дорем, ки соли 2020 шумо нисбати солҳои гузашта ба муваффақияҳои бештар даст меёбед ва ба хазинаи дастаҳои худ ҷоизаҳои нав ба нав меоред”.
Пас аз ин қисмати асосии маросим доир гашт, ки дар он ба ғолибон тӯҳфаҳои хотирмон супорида шуданд.

Беҳтаринҳои мавсими 2019 дар Душанбе:

U-13
Беҳтарин дарвозабон – Муҳаммадсамеъ Маликов («Шоҳмансур»)
Беҳтарин ҳимоятгар – Абдуқаюм Фузайлов (МҶМОВ-10)
Беҳтарин нимҳимоятгар – Улуғбек Сатторов («Солор»)
Беҳтарин ҳамлагар – Муҳаммадрофеъ Саидов (ММВЗО)
Перспективный игрок – Сафиаллоҳ Юсупов (МҶМОВ)
Бозингари беҳтарин – Фаррух Маҷидов (МҶМОВ)
Мураббии беҳтарин – Сафаралӣ Раҳмонов – (МҶМОВ)

U-14
Беҳтарин дарвозабон – Иброҳим Бобоев («Городок»)
Беҳтарин ҳимоятгар – Манучеҳр Сангинов (МҶМОВ -2)
Беҳтарин нимҳимоятгар – Кароматулло Зокиров (ММВЗО)
Беҳтарин ҳамлагар – Раббонӣ Мирзозода (МҶМОВ)
Бозингари беҳтарин – Мансур Мирзоев (ММВЗО)
Мураббии беҳтарин – Неъмат Султонов (ММВЗО)

U-15
Беҳтарин дарвозабон – Зафар Шарипов (ММВЗО)
Беҳтарин ҳимоятгар – Худойдод Шарифзода (МҶМОВ -2)
Беҳтарин нимҳимоятгар – Комрон Мирзоев (МҶМОВ -2)
Беҳтарин ҳамлагар – Абдурауф Зубайдов (МҶМОВ)
Бозингари беҳтарин – Умед Муродов (ММВЗО)
Мураббии беҳтарин – Алиҷон Турдиназаров (ММВЗО)

U-17
Беҳтарин дарвозабон – Аҳлиддин Исматов (КМВА «Памир»)
Беҳтарин ҳимоятгар – Фирдавс Олимзода («Орзу-2026»)
Беҳтарин нимҳимоятгар – Муҳаммад Маҳмудов (МҶМОВ)
Беҳтарин ҳамлагар – Муҳаммадворис Сайдалиев (ММВЗО «Соро компания»)
Бозингари беҳтарин – Партулло Хуршедзода («Орзу-2026»)
Мураббии беҳтарин – Рустам Қурбонов («Орзу-2026»)

Лигаи дуюм (минтақаи Душанбе)
Беҳтарин нишонзан – Абдузоҳид Каримов (МҶМОВ)
Бозингари беҳтарин – Сорбон Ғоибов («Орзу»)
Мураббии беҳтарин – Шамсиддин Ҷӯраев («Орзу»)
Довари беҳтарин – Абдулло Давлатов