Феликс эҳсосоти худро пас аз голи аввалаш дар “Барса” баён кард

Ҳамлагари дастаи «Барселона» - Жоау Феликс пас аз голи аввалинаш дар ҳайати каталонияҳо дар бозии даври 5-уми Ла Лига бо «Бетис» (5:0) эҳсосоти худро баён кард.
"Ман хеле шодам, ки пас аз чанд вақт боз дар ҳайати асосӣ бозӣ мекунам. Эҳсоси хеле гуворо. Дар ин даста бозӣ кардан осон аст. Ҳама бузург буданд. Вақте ки система дар ҷои худ аст, тӯб зуд ҳаракат мекунад ва голҳо зада мешаванд.
Ман барои дар сатҳи баланд баромад кардан кор мекунам. Муҳит дар даста хеле хуб аст. Ман хурсандам. Тағйирот ба ман, оила ва дӯстонам фоида овард”, иқтибос меорад, нашрияи AS аз суханони бозигари португалӣ.
Ёдовар мешавем, ки пас аз ғалаба бар “Бетис” бо ҳисоби 5 бар 0 даста бо 13 имтиёз дар зинаи дуюм аст. “Реал Мадрид” бо 15 имтиёз пешсафи ҷадвали мусобиқот аст.