Фелипе Андерсон наздик аст, ки бо “Ювентус” шартномаи 4 сола ба тасвиб расонад

 Фелипе Андерсон  наздик аст, ки бо “Ювентус” шартномаи 4 сола ба тасвиб расонад

Дастаи “Ювентус”-и шаҳри Турин ба вингери “Латсио” Фелипе Андерсон мароқ зоҳир кардааст. Дар ин бора рӯзноманигор Фабритсио Романо хабар додааст.

Андерсони 30-сола аз пешниҳодҳое, ки аз президенти «Латсио» Клаудио Лотито гирифта буд, норозӣ аст. Формати бозигар дар мавсими 2023/24 ноумедкунанда буд ва дар 31 бозӣ дар Серияи А ҳамагӣ 3 гол ва 6 ассист кардааст.

Интизор меравад, ки Андерсон бо “Ювентус” шартномаи чорсола ба имзо мерасонад. Маоши футболбоз дар ҳайати тими шаҳри Турин тақрибан 4 миллион евро дар як мавсим бо иловаи бонусҳо мебошад, ки назар ба шартномаи феълии ӯ бо “Латсио” хеле зиёд аст.