Фернандеш ҳамдастаи Роналду мешавад!

Хабаргузории ESPN бо истинод ба як манбаи огоҳ аз вазъ хабар медиҳад, ки “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ ба бозигари дастаи “Манчестер Юнайтед” - Бруно Фернандеш мароқ зоҳир кардааст.
Бошгоҳи шаҳри Риёз боварӣ дорад, ки ниммуҳофизатгари португалии 29-сола барои даста хеле мувофиқ хоҳад буд, лек иҷрои чунин интиқол осон нахоҳад буд.
Бруно Фернандеш собиқ ҳамдастаи Роналду дар “МЮ” аст. Ин метавонад ба “Ал-Наср” кӯмак кунад, ки бозигарро ба ҳайаташ ҷалб намояд.
Фернандеш дар мавсими ҷорӣ дар 45 бозии “Манчестер Юнайтед” 15 гол задааст ва 11 партофти головар кардааст. Шартномаи ӯ бо “Девҳои сурх” то тобистони соли 2026 амал мекунад.