Фернандеш аз рӯи хет-трикҳо дар “МЮ” бо Роналду баробар шуд

Фернандеш аз рӯи  хет-трикҳо дар “МЮ” бо Роналду баробар шуд

Пойгоҳи таҳлилии Squawka дар саҳифаи шахсии хеш дар шабакаҳои иҷтимоии X хабар медиҳад, ки нимҳимоятгари португалӣ Бруну Фернандеш дар сафи “Манчестер Юнайтед” аз рӯи шумораи хет-трикҳо бо ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду (3) баробар аст.

Англия - Премер-лига. Даври 2-юм

30 августи соли 2026, якшанбе. 20:30 ДШБ

“Манчестер Юнайтед” (Манчестер) 5:2 “Ипсвич Таун” (Ипсвич)

0:1 Дэвис – 29' 1:1 Фернандеш – 40' 2:1 Гривз – 56' 3:1 Фернандеш– 61' 4:1 Фернандеш – 68' 5:1 Мбемо – 82' 5:2 Акпом – 90+1'

Фернандеш аз сеюмин хет-трики хеш дар сафи “Манчестер Юнайтед” дар бозии даври дуюми Премер-лигаи Англия 2026/27 зидди “Ипсвич Таун” (5-2) истиқбол гирифт.

Фернандеш аз соли 2020 дар ҳайати “Манчестер Юнайтед” бозӣ мекунад. Шартномаи ӯ бо ин бошгоҳ то соли 2027 мӯҳлат дорад. Арзиши кунунии гузаришии ӯ 35 миллион евро арзёбӣ мешавад.

“Манчестер Юнайтед” рӯзи 6-уми сентябр дар сафар бо “Эвертон” ва “Ипсвич Таун” 4 сентябр бо “Ливерпул” бозӣ мекунад.