Фернандеш беҳтарин бозингари мавсим

Фернандеш беҳтарин бозингари мавсим

Нимҳимоятгари португалии дастаи "Манчестер Юнайтед" – Бруно Фернандеш беҳтарин футболбози сол аз ҷониби мухлисони даста эътироф гардид.

Бозингари 26-сола 35,5%-и овозҳоро ба даст овард. Ҷои дуюмро ҳамлагар Антони Марсиал (34%) ва ҷои сеюмро бошад, ҳамлагар дигари "девҳои сурх" – Маркус Решфорд (10,4%) ишғол карданд.

Футболбоз пас аз Криштиану Роналду дуввумин португалист, ки ин ҷоизаро ба даст овард. Роналду се маротиба баррандаи ин ҷоиза гардидааст. Аз ҳама бештар, беҳтарин футболбози мавсим аз нигоҳи мухлисон Давид де Хеа интихоб шудааст. Ӯ 4 маротиба бо овоздиҳии ҳаводорони "Манчестер Юнайтед" беҳтарин бозингари мавсим дониста шудааст.