Фернандеш пайроҳаи Роналдуро такрор мекунад

Фернандеш пайроҳаи Роналдуро такрор мекунад

Нимҳимоятгари “Спортинг” Бруно Фернандеш метавонад ҳунарнамоияшро дар Премйер-лигаи Англия идома диҳад.
Тибқи маълумоти нашрияти “Daily Mail” масъалаи гузариши Фернандеш ба “Манчестер Юнайтед” қариб ҳал шудааст. “Девҳои сурх” барои трансфери ӯ 51 миллион фунт харҷ хоҳанд кард. Ҳамчунин бошгоҳи Лиссабон метавонад то 9 миллион фунти дигар иловапулӣ ба даст орад.
Ба иттилои манбаъ, “МЮ” ҳафтаи ҷорӣ оиди ин трансфер расман хабар хоҳад дод. Дастаи Сулшер аз сабаби ҷароҳати Пол Погба ва Скотт Мактоминей дар хати нимҳимоя мушкилии ҷиддӣ дорад. Бинобар ин барои розӣ кардани “Спортинг” дастаи англисӣ омода аст, ки ба ғайр аз маблағ ҳамчунин Маркос Рохоро пешниҳод кунад. 
Ҳамчунин ҳабар дода мешавад, ки маоши ҳафтаинаи Фернандеш дар “МЮ” 150 ҳазор фунтро ташкил хоҳад дод.