Фернанду Сантуш аз мақомаш барканор карда шуд
Фернанду Сантуш аз вазифаи сармураббии тими миллии Полша барканор карда шуд. Дар ин бора рӯзноманигор Фабритсио Романо хабар додааст.
Аз рӯи натоиҷи 5 бозӣ дар доираи бозиҳои марҳилаи интихобии Чемпионати Аврупо -2024 даста 6 имтиёз ба даст оварда, дар гурӯҳи «Е» дар ҷои 4-ум қарор дорад.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи январи соли равон Сантуш пас аз барканор шуданаш аз мунтахаби Португалия сармураббии Полша шуд ва инак пас аз 8 моҳи фаъолият аз мақомаш барканор шуд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи октябр мунтахаби Полша бо ҷазираҳои Фарер ва Молдова бозӣ хоҳад кард.