Фернанду Сантуш сармураббии Полша таъйин гардид

Фернанду Сантуш сармураббии Полша таъйин гардид

Раиси Иттиҳодияи футболи Полша  - Тсезарий Кулеша дар саҳифаи Twitter-и худ эълон кард, ки Фернанду  Сантуш сармураббии нави тими миллии Полша шудааст.

Гуфта мешавад, ки муаррифии сармураббӣ ва нишасти матбуотӣ имрӯз доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Сантуш аз соли 2014 сарварии тими миллии Португалияро бар ӯҳда дошт ва пас аз Ҷоми Ҷаҳонии соли 2022 мунтахабро  тарк кард. Сантуш бо мунтахаби Португалия соли 2016 ҷоми  Қаҳрамонии Аврупо ва соли 2017 Лигаи Миллатҳоро ба даст овардааст.