Фестивали бошукӯҳ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар варзишгоҳи “Вахш”
Бо ташаббуси Клуби футболи “Вахш” дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонони шаҳр бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар варзишгоҳи марказии шаҳри Бохтар чорабинии идона баргузор гардид.
Дар фестивал сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, футболбозони дастаи “Вахш”, наврасон, мураббиён, дӯстдорони футбол ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолона ширкат варзиданд.
Фестивал бо бозиҳои намоишӣ, машқҳои кушод, озмунҳои шавқовар ва баромади варзишии кӯдакон ғанӣ гардид. Ҳамзамон, ба кӯдакони иштирокчӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд, ки боиси эҳсоси хурсандии онҳо гардид.
Дар ҳошияи ин чорабинӣ Ҳикматулло Шамсуддинов, иҷрокунандаи вазифаи директори дастаи “Вахш”-и шаҳри Бохтар, зимни суҳбат иброз дошт: «Эълон шудани 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол бо ибтикори Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ як рӯйдоди таърихӣ ва сарнавиштсоз барои ҷомеаи ҷаҳонии футбол маҳсуб меёбад.
Рӯзи ҷаҳонии футбол барои мо - ҳайати дастаи “Вахш”, неруи тоза мебахшад, то дар роҳи рушди футбол, тарбияи насли нави бозингарон ва боло бурдани сатҳи касбияти онҳо боз ҳам бештар кӯшиш намоем.
Мо ҳамчун яке аз дастаҳои таърихӣ ва пурифтихори кишвар, пуштибонии комили худро аз ин ташаббуси дурбинона иброз медорем ва бовар дорем, ки Рӯзи ҷаҳонии футбол ба як имконияти нав барои ҳамгироии бештар, ҷалби наврасону ҷавонон ба футбол ва таҳкими ҷойгоҳи Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳонии варзиш табдил хоҳад ёфт».
Ин гуна чорабиниҳои варзишӣ, бешак, ба рушди футбол дар сатҳи маҳалл ва ҷалби бештари ҷавонон ба ҳаёти солим мусоидат мекунанд.