Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар ноҳияи Мӯъминобод

Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар ноҳияи Мӯъминобод

Баргузории фестивали бозиҳои миллӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамакнун ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола дар марҳилаҳои гуногун баргузор мегардад. Дар ноҳияи Мӯъминобод марҳилаи аввали бозиҳои миллии варзишӣ маҳз дар сатҳи деҳа, ҷамоат, ва ноҳия ҷараён гирифт, ки ин ҳамоиши варзишӣ дар заминаи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз рӯи 8 намуди варзиш мусобиқа ва аз рӯи 10 намуд, бозиҳои намоишӣ роҳандозӣ шуд.

Дар ин фестивал сокинони аз 14 то 30 сола иштирок карда, намунаи беҳтарини бозиҳои миллии варзиширо намоиш доданд. Қайд гардид, ки бо мақсади эҳё, рушд ва амалии бозиҳои миллии варзишӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таъриху анъанаҳои миллии аҷдодон, чунин фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар марҳилаи аввал дар ҳаммаи ҷамоату деҳоти ноҳия баргузор карда шуд. Дар анҷом ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли фестивали бозиҳои миллӣ тӯҳфаҳои таъсиснамудаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Мӯъминобод тақдим гардид.