Фестивали бозиҳои варзишӣ байни донишҷӯёни вилояти Хатлон

Фестивали бозиҳои варзишӣ байни донишҷӯёни вилояти Хатлон

Давоми ду рӯз дар маҷмааи варзишии ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ва дигар толору майдончаҳои ҳудуди ноҳия Фестивали бозиҳои варзишӣ байни донишҷӯёни макотиби олии ҳудуди вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Тавре сардовари мусобиқа ба мо иттилоъ дод, беш аз 300 нафар донишҷӯён дар ин риштаҳои варзиш байни ҳам сабқат намуда, беҳтарин дастаҳо ва варзишгарон дар даврҳои ниҳоӣ барои мақоми ифтихорӣ талош варзиданд. Мусобиқаи варзиши сабук дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Данғара баргузор шуд, ки дастаҳо маҳорату малакаи баланди варзишӣ нишон доданд. Нахуст ғолибони мусобиқаи гӯштини миллӣ, ки давоми рӯз аз рӯи 10 вазн бо ҳам сабқат намуданд аз ҷониби масъулони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон қадршиносӣ карда шуданд.

Дар фарҷоми мусобиқа бошад, аз рӯи натиҷаҳои даставӣ Донишгоҳи давлатии тиббии Данғара барои ҷойи сеюм, дастаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав барои ишғоли мақоми дуюми даставӣ қадршиносӣ карда шуданд. Дар ниҳоят дастаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барои ишғоли бештари нишонҳо зинаи аввалро касб карда, Ҷоми Фестивалро бадаст овард.