Фестивали “Футбол ба назди шумо меояд” ҷамъбаст шуд

Фестивали “Футбол ба назди шумо меояд” ҷамъбаст шуд

Дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар марҳилаи ҷамъбастии Фестивали таҳти унвони «Футбол ба назди шумо меояд», ки бо ташаббуси Федератсияи футболи Тоҷикистон ва бо дастгирии ширкати мобилии «Тсеll» роҳандозӣ гардида буд, баргузор гардид.

Дар ин фестивал 16 даста аз минтақаи Бохтар ширкат намуда, миёни ҳам рақобат намуданд. Дар натиҷа, кӯдакони 6-7 сола (U-7)-и ноҳияи Ёвон ба гирифтани ҷойи аввал, дастаи ноҳияи Шаҳритӯс зинаи дуюм, дастаҳои шаҳри Бохтар ва ноҳияи Ҷ. Балхӣ ба гирифтани ҷойи сеюм мушарраф гардиданд. Дар миёни кӯдакони 8-9 сола (U-9) бошад, дастаи Ҷалолиддини Балхӣ зинаи аввал, кӯдакони Ёвон ҷойи дуюм ва дастаҳои ноҳияи Н. Хусрав ва шаҳри Бохтар ба гирифтани ҷойи сеюм ноил гардиданд. Наврасони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар миёни кӯдакони 10-11 сола (U-11) ҷойи якум, дастаи Бохтар зинаи дуюм ва наврасони ноҳияҳои Шаҳритӯс ва Панҷ ба гирифтани мавқеи сеюм даст ёфтанд. Дар миёни наврасони 12 сола (U-12) бошад, дастаи Бохтар зинаи аввал, Ҷ. Балхӣ ҷойи дуюм ва тимҳои ноҳияҳои Носири Хусрав ва Ёвон ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Мавриди зикр аст, ки мақсади асосии фестивал ин ташвиқу таблиғи кӯдакон ба футбол, ҷалби бештари онҳо ба ин навъи варзиш ва дарёфти истеъдодҳои нав аз миёни кӯдакону наврасон мебошад.

Манбаъ: https://www.facebook.com/groups/1688797544762637/?epa=SEARCH_BOX