Фестивали варзишӣ бахшида ба Рӯзи варзишгарон

Фестивали варзишӣ бахшида ба Рӯзи варзишгарон

Бо ибтикори Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар ва Мактаби варзишии шаҳр фестивали варзишӣ бахшида  ба Рӯзи варзишгарон аз рӯи намудҳои варзиши шоҳмот, шашка, тенниси рӯи миз, футбол ва гуштин баргузор гардид. Дар фестивал кӯдакону наврасон иштирок намуда, дар риштаи варзишҳои номбурда қувваозмоӣ намуданд. Ҳамчунин, беҳтарин варзишгарон аз тарафи масъулини фестивал бо диплом ва ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд. Тибқи гуфтаи масъулин, ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва ба ҳамин васила бедор сохтани ҳисси зебоипарастиву варзишдӯстдории наврасону ҷавонон мебошад.