«Фейеноорд» дар талоши харидории Арсен Захарян

Хадамоти матбуотии тими нидерландии «Фейеноорд» маълумот оиди иштиёқ нисбати нимҳимоягари «Динамо»-и Москва Арсен Захарян тасдиқ кард ва қайд намуд, ки гуфтушунидҳо оиди гузариши эҳтимолии футболбоз то ҳол шурӯъ нагардидаанд.
«Рӯзи чоршанбе навидҳо оиди Арсен Захарян дар «Фейеноорд» пайдо шуданд. Албатта, бошгоҳи мо нисбат ӯ таваҷҷӯҳ дорад, аммо ҳеҷ гуфтушунидеро оғоз накардааст. Айни ҳол мо ягон хабари дигаре дар мавриди ин футболбоз надорем», — иқтибос овардааст аз ихҳороти хадамоти матбуотии «Фейеноорд» нашрияи Sport24.
Ёдрас мекунем, ки дар мавриди иштиёқи «Фейеноорд» нисбати Захарян нашрияи нидерландии 1908.nl навишта буд. Хабар дода мешуд, ки бошгоҳ баҳри нимҳимоягари 20-сола ба «Динамо» пешниҳод дар ҳаҷми 8 млн евро ирсол мекунад. Шартномаи бозигар бошад бо тими россиягӣ то тобистони соли 2024 аст.