“ФФТ” сеюмин бор барандаи Ҷоми Истиқлол гардид

“ФФТ” сеюмин бор барандаи Ҷоми Истиқлол гардид

Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми бошгоҳи “Истиқлол”, ки ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ба анҷом расид. Дар бозиҳои ниҳоӣ тимҳои Бонки милли ва Динамои вазорати корҳои дохилӣ барои ҷойи сеюм байни ҳам рақобат намуданд. Дастаҳои Амонатбонк ва ФФТ бошанд дар бозии финалӣ андари майдони футбол гардиданд.

Пас аз як моҳи рақобатҳои ҷолибу диданӣ 4 тим барои касби ҷойҳои ифтихорӣ бо ҳам нерӯсанҷӣ карданд. Баҳри ба даст овардани ҷойи сеюм ва нишонҳои биринҷӣ тимҳои Бонки миллӣ ва Динамои Вазорати корҳои дохилӣ байни ҳам рақобат намуданд. Ин сабқат бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи тими Динамои Вазорати корҳои дохилӣ хотима ёфт.

Дар бозии финалӣ бошад барои касби медали тилло ва Ҷоми Истиқлол дастаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Амонатбонк оғоз гардид. Аз оғози рақобат маълум буд, ки ҳарду тим ҳам бо тайёрии ҷиддӣ ба майдон баромадаанд. Ҳисоби ин дидорро бозигарони тими Амонатбонк кушоданд. Дере нагузашта бозингарони тими Федератсияи футбол голи ҷавобиро вориди дарвозаи ҳариф намуданд ва бо ҳамин нимаи аввали бозӣ ба анҷом расид.

Дар қисмати дуюм низ тимҳо як голи дигар ба дарвозаи ҳамдигар заданд. Ниҳоятан голи тақдирсози ин дидорро бозингарони тими Федератсияи футболи Тоҷикистон ба дарвозаи Амонатбонк заданд ва бозиии финалӣ бо ҳисоби 3:2 бо пирӯзии дастаи ФФТ ба поён расид.

Дар маросими тантанавӣ супоридани Ҷом, мудал ва ҷоизаҳо ба ғолибони мусобиқа сурат гирифт. Нахуст ба Суннатзода Самандар аз дастаи Агентии мубориза бо корупсия унвони беҳтарин нишонзан, ба Анвар Мирзоев аз дастаи ФФТ унвони беҳтарин дарвозабон ва ба Идибой Олимов аз дастаи Амонатбонк унвони беҳтарин бозингар дода шуд.

Сипас ба дастаи “Динамо”-и Вазорати корҳои дохилӣ медали биринҷӣ ва 10 ҳазор сомони мукофотпулӣ супорида шуд. Ба дастаи “Амонатбонк”, ки ҷойи дуюмро касб кард, медали нуқра ва 20 ҳазор сомони мукофотпулӣ эҳдо шуд. Ниҳоятан дастаи “ФФТ” соҳиби медали тилло, Ҷом ва 40 ҳазор сомони мукофотпулӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи футболи хурд баҳри дарёфти Ҷоми Истиқлол маротибаи чорум баргузор гардид ва дастаи “ФФТ” маротибаи сеюм барандаи ин Ҷом гардид.

Ин чорумин сол аст ки ҷоми клуби истиқлол оид ба футболи хурд баргузор мешавад ва сол аз сол сатҳи касбии тимҳои иштирокчи беҳтару беҳтар гардида дар омави шудаи варзиш нақши босазо мегузорад.