ФИФА аз ҳисоби Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 рекорди нави даромадро сабт кард

ФИФА аз ҳисоби Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 рекорди нави даромадро сабт кард

Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) аз ҳисоби баргузории Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 рекордӣ 15 миллиард доллар даромад ба даст хоҳад овард. Дар ин бора нашрияи The Guardian хабар додааст.

Пеш аз оғози мусобиқа ФИФА пешбинӣ карда буд, ки даромади он тақрибан 11 миллиард доллар хоҳад буд. Аммо ҳоло маълум шудааст, ки маблағи воқеӣ метавонад тақрибан 4 миллиард доллар бештар аз пешгӯиҳои аввалия бошад.

Яке аз сарчашмаҳои асосии афзоиши даромад фурӯши бастаҳои VIP ва чиптаҳо, аз ҷумла тавассути бозори расмии бозфурӯши чиптаҳо будааст. ФИФА аз ҳар як муомилаи чипта ҳам аз харидор ва ҳам аз фурӯшанда 15 дарсад комиссия мегирад.

Қабл аз бозии финалӣ байни мунтахабҳои Испания ва Аргентина, нархи як ҷой дар бахши Trophy Lounge ба 34,5 ҳазор доллар барои як нафар расида буд.

Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино дар бораи афзоиши бесобиқаи даромад ба намояндагони ассотсиатсияҳои миллии футбол хабар додааст. Интизор меравад, ки қисми муайяни маблағҳои иловагӣ ба федератсияҳои узви ФИФА ҷудо карда шавад, аммо тартиби ниҳоии тақсимоти он ҳанӯз тасдиқ нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дар Иёлоти Муттаҳида, Канада ва Мексика баргузор шуда, мунтахаби Испания унвони қаҳрамониро соҳиб гардид. Инчунин, бори аввал дар таърихи мусобиқа дар марҳилаи ниҳоӣ 48 мунтахаби миллӣ иштирок намуданд, ки ин низ ба афзоиши даромад ва таваҷҷуҳи бесобиқа ба мусобиқа мусоидат кардааст.