ФИФА беҳтаринҳои солро муайян мекунад

ФИФА беҳтаринҳои солро муайян мекунад

Номзадҳо ба унвони беҳтарин бозигари сол аз рӯи фарзияи Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) маълум шуданд. Дар ин бора дафтари матбуоти ин созмон хабар медиҳад.

Барои ҷоиза Тяго Алкантара ("Бавария", "Ливерпул"), Криштиану Роналду ("Ювентус"), Кевин де Брейне ("Манчестер Сити"), Роберт Левандовски ("Бавария), Садио Мане ("Ливерпул"), Килиан Мбаппе ("Пари Сен-Жермен"), Лионел Месси ("Барселона"), Неймар ("Пари Сен-Жермен"), Серхио Рамос ("Реал"), Муҳаммад Салоҳ ва Вирҷил ван Дейк (ҳарду аз "Ливерпул") довталанд.

Маросими супоридани ҷоизаҳо рӯзи 17-уми декабр дар шакли онлайн баргузор мешавад. Овоздиҳӣ аз 25-уми ноябр то 9-уми декабр идома хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, Лионел Мессии 33-солаи аргентинӣ, ҳамлагари тими "Барселона"-и Испания, беҳтарин футболбози соли 2019 бо фарзияи ФИФА эълон шуда буд. Месси барои дарёфти ин ҷоиза аз ҳамлагари "Ювентус"-и Италия Криштиану Роналдуи португолӣ ва ҳимоятгари "Ливерпул"-и Англия Вирҷил ван Дейки ҳолландӣ пеш гузашт.

ФИФА беҳтарин футболбозони солро аз соли 1991 эълон мекунад. Аз соли 2010 то соли 2015 ФИФА ҳамроҳ бо маҷаллаи “France Football” ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ"-ро тақдим мекард, аз соли 2016 боз ба ҷоизаи худ баргашт.