ФИФА маросими ҷоизасупории беҳтарин бозигарро доир мекунад

ФИФА маросими ҷоизасупории беҳтарин бозигарро доир мекунад

Соли 2020 ба баргузоркунии ҳамаи чорабиниҳои варзишӣ таъсири худро расонид. Чӣ тавр? Ҳамаи мо алакай медонем. Ба ғайр аз ин ташкилотҳо ба хулосае омада буданд, ки имсол футболбозонро бо ҷоизаҳо қадрдонӣ накунанд. Аз ҷумла, France Football расман хабар дод, ки имсол «Тӯби тиллоӣ» супорида намешавад. FIFA низ маросими ҷоизасупории «The Best FIFA Football Awards»-ро то соли оянда қатъ карда буд. Аммо баъдан кормандони FIFA ба хулосае омаданд, ки ба вазъияти душвор нигоҳ накарда ин маросимро баргузор мекунанд ва расму анъанаи ҳарсоларо вайрон нахоҳанд кард. Ҳамин тавр, хабар дода мешавад, ки овоздиҳӣ барои муайян кардани беҳтаринҳо аз 25-уми ноябр то 9-уми декабр баргузор карда мешавад.

Санаи баргузории худи маросим то ҳол номаълум аст. Дар ин маросим FIFA ба беҳтарин футболбоз ва дарвозабони дастаҳои мардона ва занона, беҳтарин сармураббиҳои дастаҳои мардона ва занона, муаллифи беҳтарин гол ва беҳтарин мухлисон ҷоиза месупорад.